<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>Em</key>
<lyrics>[V1]
.Em
 Ҳамчу оҳу медавам бар сӯи об,
 Ҷони ман муштоқи дидори Худост.
.Em                Am
 Ташнагӣ меорадам дурӣ зи Ӯ,
.Am           D       B
 Ташнаро оби фаровон муддаост.

[V2]
 Ҳон, магӯедам Худои ту куҷост?
 З-ин сухан ақлам дигаргун мешавад.
 Ашк менӯшам шабонгоҳ ҷои об,
 Дил даруни синаам хун мешавад.

[C1]
.  Em     D          Em
   Рӯзҳои ид бурдам халқро
.  Em        D   C       B
   Ҳамдгӯён сӯи даргоҳи Худо.
.  Em        D         Em
   Менадонам ман, чаро дармондаам,
.  Em       D
   Инчунин ошуфтаҳолу бенаво.

[V3]
 Ҷони ман, озурдаву ғамгин мабош,
 Ноумед аз раҳмати Эзид мабош.
 Ӯ ҳамебахшад гуноҳони туро,
 Рост бошу сӯи бадкорон марав.

[V4]
 Эй Худо, андар диёри ғурбатам
 Дард ҳуҷум орад зи ҳар сӯ бар сарам.
 Мавҷи дарёҳои хашмолуд низ
 Ғам фурӯ боронда бар бому дарам.

[C2]
   Сарзамини Урдун акнун ҷои ман,
   Кӯҳи Ҳермӯнрову Мисъарро нигар.
   Ёд меорам Туро з-ин ҷо мудом,
   Эй Худо, Парвардигори додгор.

[V5]
 Рӯз бархурдорам аз эҳсони Ту,
 Шаб ҳамехонам суруде бар забон.
 Аз самими дил дуоят мекунам,
 Эй Худо, эй Кирдигори меҳрубон.

[V6]
 Таънаву дашномҳои душманон
 Хаставу мадҳушу ҳайронам кунад.
 Гар бигӯяндам: &quot;Худои ту куҷост?&quot;,
 Ин дигар якбора вайронам кунад.

[C3]
   Сахраи ман мешавӣ Ту, эй Худо,
   Гар шавад душвор бар ман зиндагӣ.
   Мунҷии ман, роҳбару ғамхори ман
   Дар мусибатҳову дар дармондагӣ.</lyrics>
<title>Ҳамчу оҳу медавам бар сӯи об Хд176</title>
<hymn_number>176</hymn_number>
</song>